|
|
 |
 |
 |
 |
 |
 |
 |
دفتر دویم |
|
 |
Баёни ҳоли худпарастон ва ношукрон дар неъмати вуҷуди анбиё ва авлиё алайҳимуссалом Ҳар кӣ з-эшон гуфт аз айбу гуноҳ В-аз дили чун санг в-аз ҷони сиёҳ. В-ар сабукдории фармонҳои ӯ В-аз фароғат, аз ғами фардои ӯ. В-аз ҳавас в-аз ишқи ин дунёи дун, Чун занон мар нафсро будан забун. В-он фирор аз нуктаҳои носеҳон В-он рамидан аз лиқои солеҳон. Бо дилу бо аҳли дил бегонагӣ, Бо шаҳон тазвиру рӯбаҳшонагӣ. Серчашмонро гадо пиндоштан, Аз ҳасадшон хуфя душман доштан. Гар пазирад чиз, ту гӯйӣ гадост В-арна гӯйӣ: зарқу макр асту дағост. Гар даромезад, ту гӯйӣ томеъ аст В-арна гӯйӣ дар такаббур мулиъ аст. Ё мунофиқвор узр орӣ, ки ман Мондаам дар нафқаи фарзанду зан. На маро парвои сар хоридан аст, На маро парвои дин варзидан аст. Эй фалон, моро ба ҳиммат ёд дор, То шавем аз авлиё поёни кор. Ин сухан ҳам не зи дарду сӯз гуфт, Хобноке ҳарза гуфту боз хуфт: «Ҳеч чора нест аз қути иёл, Аз буни дандон кунам касби ҳалол». Чӣ ҳалол? Эй гашта аз аҳли залол, Ғайри хуни ту намебинам ҳалол. Аз Худо чорасташу аз қут не, Чора-ш аст аз дину аз тоғут не. Эй ки сабрат нест аз дунёи дун, Сабр чун дорӣ зи «неъма-л-моҳидун»? Эй ки сабрат нест аз нозу наъим, Сабр чун дорӣ аз Аллоҳи карим? Эй ки сабрат нест аз поку палид, Сабр чун дорӣ аз он кинофарид? Ку халиле, к-ӯ бурун омад зи ғор, Гуфт: «Ҳозо рабби, ҳон, ку кирдгор?» Ман нахоҳам дар ду олам бингарист, То набинам ин ду маҷлис они кист. Бе тамошои сифатҳои Худо Гар хурам нон, дар гулӯ монад маро. Чун гуворад луқма бе дидори ӯ? Бе тамошои гулу гулзори ӯ. Ҷуз бар умеди Худо з-ин об х(в)ар, Кай хурад як лаҳза ғайри гову хар? Он ки «ка-л-анъом» буд, бал «ҳум азал», Гарчи пурмакр аст он гандабағал. Макри ӯ сарзеру ӯ сарзер шуд, Рӯзгорак бурду рӯзаш дер шуд. Фикри гоҳаш кунд шуд, ақлаш хариф, Умр шуд, чизе надорад чун алиф. Он чӣ мегӯяд: «Дар ин андешаам», Он ҳам аз дастони он нафс аст ҳам. В-он чӣ мегӯяд: «Ғафур асту раҳим», Нест он ҷуз ҳилаи нафси лаъим. Эй зи ғам мурда, ки даст аз нон тиҳист, Гар ғафур асту раҳим, ин тарс чист?
Саҳифаи 86/114 |
|
|
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
|