 |
Тарсидани кӯдак аз он шахси соҳибҷусса ва гуфтани он шахс, ки эй кӯдак, матарс, ки ман номардам Кинги зафте кӯдакеро ёфт фард, Зард шуд кӯдак зи бими қасди мард. Гуфт: «Эман бош, эй зебои ман! Ки ту хоҳӣ буд бар болои ман. Ман агар ҳавлам, муханнас дон маро, Ҳамчу уштур барнишин, мерон маро». Сурати мардону маънӣ инчунин, Аз бурун Одам, дарун деви лаъин. Он дуҳулро монӣ, эй зафти чу Од, Ки бар ӯ он шохро мекӯфт бод. Рӯбаҳе ишкори худро бод дод, Баҳри табле ҳамчу хики пур зи бод. Чун надид андар дуҳул ӯ фарбеҳӣ, Гуфт: «Хуке беҳ аз ин хики тиҳӣ». Рӯбаҳон тарсанд з-овози дуҳул, Оқилаш чандон занад, ки «ло тақул».
Саҳифаи 89/114 |