|
Қиссаи тирандозе ва тарсидани ӯ аз саворе, ки дар беша мерафт Як саворе бо силоҳу бас маҳиб Мешуд андар беша бар аспе наҷиб. Тирандозе ба ҳукм ӯро бидид, Пас зи хавфи ӯ камонро даркашид. То занад тире, савораш бонг зад: «Ман заифам, гарчи зафт астам ҷасад, Ҳону ҳон, мангар ту дар зафтии ман, Ки камам дар вақти ҷанг аз пирзан». Гуфт: «Рав, ки нек гуфтӣ в-арна неш Бар ту меандохтам аз тарси хеш». Бас касонро, к-олати пайкор кушт, Бе руҷулият чунон теғе ба мушт. Гар бипӯшӣ ту силоҳи рустамон, Рафт ҷонат, чун набошӣ марди он. Ҷон сипар кун, теғ бигзор, эй писар! Ҳар кӣ бесар буд, аз ин шаҳ бурд сар. Он силоҳат ҳилаву макри ту аст, Ҳам зи ту зойиду ҳам ҷони ту хаст. Чун накардӣ ҳеч суде з-ин ҳиял, Тарки ҳилат кун, ки пеш ояд дувал. Чун яке лаҳза нахӯрдӣ бар зи фан, Тарки фан гӯ, металаб раббилминан. Чун муборак нест бар ту ин улум, Хештан гӯле куну бигзар зи шум. Чун малойик гӯ, ки «ло илма лано Ё илоҳӣ ғайра мо алламтано».
Саҳифаи 90/114 |