|
Даъво кардани он шахс, ки Худои таоло маро намегирад ба гуноҳ ва ҷавоб гуфтани Шуайб алайҳиссалом ӯро Он яке мегуфт дар аҳди Шуайб, Ки Худо аз ман басе дидаст айб, Чанд дид аз ман гуноҳу ҷурмҳо В-аз карам Яздон намегирад маро. Ҳақ таоло гуфт дар гӯши Шуайб, Дар ҷавоби ӯ фасеҳ аз роҳи ғайб. Ки бигуфтӣ чанд кардам ман гуноҳ, В-аз карам нагрифт дар ҷурмам Илоҳ. Акс мегӯйиву мақлуб, эй сафеҳ! Эй раҳо карда раҳу бигрифта теҳ. Чанд чандат гираму ту бехабар, Дар салосил мондаӣ по то ба сар. Занги ту бар тут, эй деги сиёҳ! Кард симои дарунатро табоҳ. Бар дилат зангор бар зангорҳо Ҷамъ шуд, то кӯр шуд з-асрорҳо. Гар занад он дуд бар деги наве, Он асар бинмояд, ар бошад ҷаве. З-он ки ҳар чизе ба зид пайдо шавад, Бар сапеде он сияҳ расво шавад. Чун сияҳ шуд дег, пас таъсири дуд, Баъд аз ин бар вай кӣ бинад зуд зуд? Марди оҳангар, ки ӯ зангӣ бувад, Дудро бо рӯш ҳамрангӣ бувад. Марди румӣ, к-ӯ кунад оҳангарӣ, Рӯяш аблақ гардад аз дудоварӣ. Пас бидонад зуд таъсири гуноҳ, Пас бинолад зуд, гӯяд «эй Илоҳ». Чун кунад исрору бад пеша кунад, Хок андар чашми андеша кунад. Тавба н-андешад, дигар ширин шавад, Бар дилаш он ҷурм то бедин шавад. Он пушаймониву ё раб рафт аз ӯ, Шист бар ойина занги панҷтӯ. Оҳанашро зангҳо хӯрдан гирифт, Гавҳарашро занг кам кардан гирифт. Чун нависӣ коғази испед-бар, Он набишта хонда ояд дар назар. Чун нависӣ бар сари бинвишта хат, Фаҳм н-ояд, хонданаш гардад ғалат. К-он сиёҳӣ бар сиёҳӣ уфтод, Ҳар ду хат шуд кӯру маъние надод. В-ар сеюмбора нависӣ бар сараш, Пас сияҳ кардӣ чу ҷони пуршараш. Пас чӣ чора ҷуз паноҳи чорагар? Ноумедӣ миссу иксираш назар. Ноумедиҳо ба пеши ӯ ниҳед, То зи дарди бедаво берун ҷаҳед. Чун Шуайб ин нуктаҳо бо ӯ бигуфт, З-он дами ҷон дар дили ӯ гул шукуфт. Ҷони ӯ бишнид ваҳйи осмон, Гуфт: «Агар бигрифт моро, ку нишон?» Гуфт: «Ё раб, дафъи ман мегӯяд ӯ, Он гирифтанро нишон меҷӯяд ӯ». Гуфт: «Сатторам, нагӯям розҳош, Ҷуз яке рамз аз барои ибтилош. Як нишони он ки мегирам варо, Он ки тоат дораду савму дуъо. В-аз намозу аз закоту ғайри он, Лек як зарра надорад завқи ҷон. Мекунад тоъоту афъоли санӣ, Лек як зарра надорад чошнӣ. Тоаташ нағз асту маънӣ нағз не, Ҷавзҳо бисёру дар вай мағз не. Завқ бояд, то диҳад тоъот бар, Мағз бояд, то диҳад дона шаҷар. Донаи бемағз кай гардад ниҳол? Сурати беҷон набошад ҷуз хаёл».
Саҳифаи 96/114 |