 |
Гуфтани Ойиша разийаллоҳу анҳо Мустафоро алайҳиссалом, ки ту бемусалло ба ҳар ҷо намоз мекунӣ, чун аст? Ойиша рӯзе ба пайғамбар бигуфт: «Ё расулуллаҳ, ту пайдову ниҳуфт Ҳар куҷо ёбӣ, намозе мекунӣ, Медавад дар хона нопоку данӣ. Гарчи медонӣ, ки ҳар тифли палид, Кард мустаъмал ба ҳар ҷо, ки расид». Гуфт пайғамбар, ки аз бабри меҳон Ҳақ наҷисро пок гардонад, бидон. Саҷдагоҳамро аз он рӯ лутфи Ҳақ Пок гардонид то ҳафтум табақ. Ҳону ҳон, тарки ҳасад кун бо шаҳон, В-арна Иблисе шавӣ андар ҷаҳон. К-ӯ агар заҳре хурад, шаҳде шавад, Ту агар шаҳде хурӣ, заҳре бувад. К-ӯ бадал гашту бадал шуд кори ӯ, Лутф гашту нур шуд ҳар нори ӯ. Қуввати Ҳақ буд мар бобилро, В-арна мурғе чун кушад мар пилро? Лашкареро мурғаке чанде шикаст, То бидонӣ, к-он салобат аз Ҳақ аст. Гар туро васвос ояд з-ин қабил, Рав, бихон ту сураи «Асҳоби фил». В-ар кунӣ бо ӯ мирову ҳамсарӣ, Кофирам дон, гар ту з-эшон сарбарӣ.
Саҳифаи 98/114 |