|
Бақияи достони рафтани хоҷа ба даъвати рӯстоӣ сӯйи деҳ Шуд зи ҳад, ҳин! Бозгард, эй ёри гурд, Рустоӣ хоҷаро, бин хона бурд. Қиссаи аҳли Сабо як гӯша неҳ, Он бигӯ, к-он хоҷа чун омад ба деҳ? Рустоӣ дар тамаллуқ шева кард, То ки ҳазми хоҷаро колева кард. Аз паём андар паём ӯ хира шуд, То зулоли ҳазми хоҷа тира шуд. Ҳам аз ин ҷо кӯдаконаш дар пасанд, «Нарнаъу налъаб» ба шодӣ мезаданд. Ҳамчу Юсуф, к-иш зи тақдири аҷаб Нартаъу налъаб бибурд аз зилли аб. Он на бозӣ, балки ҷонбозист он, Ҳилаву макру дағосозист он. Ҳар чӣ аз ёрат ҷудо андозад он, Машнав онро, к-он зиён дорад, зиён. Гар бувад он суди сад дар сад, магир, Баҳри зар магсил зи ганҷури фақир. Ин шунав, ки чанд Яздон заҷр кард, Гуфт асҳоби набиро гарму сард. З-он ки бар бонги дуҳул дар соли танг Ҷумъаро карданд ботил бедиранг. То набояд дигарон арзон харанд, З-он ҷалаб сарфа зи мо эшон баранд. Монд пайғамбар ба хилват дар намоз Бо ду-се дарвеши собит, пурниёз, Гуфт: «Таблу лаҳву бозаргоние Чунатон бубрид аз раббоние? «Қад фазазтум наҳва қамҳин ҳоиман, Сумма халлайтум набиййян қоиман». Баҳри гандум тухми ботил коштед, В-он расули Ҳаққро бигзоштед. Сӯҳбати ӯ хайру мин лаҳв асту мол, Бин: киро бигзоштӣ? Чашме бимол. Худ нашуд ҳирси шуморо ин яқин, Ки манам зарроқу хайруррозиқин? Он кӣ гандумро зи худ рӯзӣ диҳад, Кай таваккулҳотро зоеъ ниҳад? Аз пайи гандум ҷудо гаштӣ аз он, Ки фиристодаст гандум з-осмон.
Саҳифаи 13/229 |