|
Даъвои товусӣ кардани он шағол, ки дар хуми саббоғ афтода буд В-он шағоли ранг-ранг омад ниҳуфт, Бар баногӯши маломатгар бигуфт: «Бингар охир дар ману дар ранги ман, Як санам чун ман надорад худ шаман. Чун гулистон гаштаам садрангу х(в)аш, Мар маро саҷда кун, аз ман сар макаш. Карру фарру обу тобу ранг бин, Фахри дунё хон марову рукни дин. Мазҳари лутфи худоӣ гаштаам, Лавҳи шарҳи кибриёӣ гаштаам. Эй шағолон! Ҳин, махонедам шағол, Кай шағолеро бувад чандин ҷамол?» Он шағолон омаданд он ҷо ба ҷамъ, Ҳамчу парвона ба гирдогирди шамъ: «Пас чӣ хонемат? Бигӯ, эй ҷавҳарӣ», Гуфт: «Товуси нари чун Муштарӣ». Пас бигуфтандаш, ки товусони ҷон Ҷилваҳо доранд андар гулситон. Ту чунон ҷилва кунӣ? Гуфто, ки не, Бодия норафта, чун кӯбам Минӣ? «Бонги товусон кунӣ? Гуфто, ки «ло», «Пас найӣ товус, хоҷа булъало! Хилъати товус ояд з-осмон, Кай расӣ аз рангу даъвиҳо бад-он?»
Саҳифаи 23/229 |