|
Ташбеҳи Фиръавн ва даъвии улуҳияти ӯ бад-он шағол, ки даъвои товусӣ мекард Ҳамчу Фиръавне мурассаъ карда риш, Бартар аз Исо парида аз хариш. ӯ ҳам аз насли шағоли мода зод, Дар хуми молеву ҷоҳе дарфитод. Ҳар кӣ дид он ҷоҳу молаш, саҷда кард, Саҷдаи афсӯсиёнро ӯ бих(в)ард. Гашт мастак он гадои жандадалқ Аз суҷуду аз таҳаййурҳои халқ. Мол мор омад, ки дар вай заҳрҳост В-он қабулу саҷдаи халқ аждаҳост. Ҳой! Эй Фиръавн! Номусе макун, Ту шағолӣ, ҳеч товусӣ макун. Сӯйи товусон агар пайдо шавӣ, Оҷизӣ аз ҷалваву расво шавӣ. Мӯсиву Ҳорун чу товусон буданд, Парри ҷилва бар сару рӯят заданд. Зиштият пайдо шуду расвоият, Сарнигун афтодӣ аз болоият. Чун миҳак дидӣ, сияҳ гаштӣ чу қалб, Нақши шере рафту пайдо гашт калб. Эй саги гаргини зишт! Аз ҳирсу ҷӯш Пӯстини шерро бар худ мапӯш. Ғурраи шерат бихоҳад имтиҳон, Нақши шеру он гаҳ ахлоқи сагон.
Саҳифаи 24/229 |