|
Ҳикоят Ҳамчунин к-ин ҷо муғули ҳиладон Гуфт: «Меҷӯям касе аз мисриён. Мисриёнро ҷамъ оред ин тараф, То дарояд, он ки мебояд ба каф». Ҳар кӣ меомад, бигуфто: «Нест ин, Ҳин! Даро, хоҷа! Дар ин гӯша нишин». То бад-ин шева ҳама ҷамъ омаданд, Гардани эшон бад-ин ҳилат заданд. Шумии он ки суйи бонги намоз, Доъӣ Аллаҳро набурдандӣ ниёз. Даъвати маккорашон андар кашид, Ал-ҳазар аз макри шайтон, эй рашид! Бонги дарвешону мӯҳтоҷон бинӯш, То нагирад бонги муҳтолет гӯш. Гар гадоён томеъанду зиштхӯ, Дар шикамхорон ту соҳибдил биҷӯ. Дар таги дарё гуҳар бо сангҳост, Фахрҳо андар миёни нангҳост. Пас биҷӯшиданд исроилиён Аз пагаҳ, то ҷониби майдон давон. Чун ба ҳилатшон ба майдон бурд ӯ, Рӯйи худ бинмудашон бас тозарӯ. Кард дилдориву бахшишҳо бидод, Ҳам ато, ҳам ваъдаҳо кард он қубод. Баъд аз он гуфт: «Аз барои ҷонатон Ҷумла дар майдон бихусбед имшабон». Посухаш доданд, ки хидмат кунем, Гар ту хоҳӣ, як маҳ ин ҷо сокинем.
Саҳифаи 29/229 |