|
Тарсидани Фиръавн аз он бонгИн садо ҷони маро тағйир кард, Аз ғаму андӯҳи талхам пир кард». Пеш меомад, сипас мерафт шаҳ, Ҷумла шаб, ӯ ҳамчу ҳомил вақти заҳ. Ҳар замон мегуфт: «Эй Имрон! Маро Сахт аз ҷо бурдааст ин наъраҳо». Заҳра на Имрони мискинро, ки то Бозгӯяд ихтилоти ҷуфтро, Ки зани Имрон ба Имрон дархазид, То ки шуд истораи Мӯсо падид. Ҳар паямбар, ки дарояд дар раҳим, Наҷми ӯ бар чарх гардад мунтаҷим.
Саҳифаи 33/229 |