|
Хондани Фиръавн занони навзодаро сӯйи майдон ҳам ҷиҳати макр Баъди нӯҳ маҳ шаҳ бурун овард тахт, Сӯйи майдону мунодӣ кард сахт. К-эй занон! Бо тифлакон майдон равед, Ҷумла исроилиён берун шавед. Ончунон ки пор мардонро расид, Хилъату ҳар кас аз эшон зар кашид. Ҳин, занон! Имсол иқболи шумост, То биёбад ҳар касе чизе, ки хост. Мар занонро хилъату силлат диҳад, Кӯдаконро ҳам кулоҳи зар ниҳад. Ҳар кӣ ӯ ин моҳ зойидаст, ҳин! Ганҷҳо гиред аз шоҳи макин. Он занон бо тифлакон берун шуданд, Шодмон то хаймаи шаҳ омаданд. Ҳар зани навзода берун шуд зи шаҳр Сӯйи майдон, ғофил аз дастону қаҳр. Чун занон ҷумла бад-ӯ гирд омаданд, Ҳар чӣ буд он нар, зи модар бистаданд. Сар буридандаш, ки ин аст эҳтиёт, То нарӯяд хасму нафзояд хубот.
Саҳифаи 35/229 |