|
Таҳдид кардани Фиръавн Мӯсоро алайҳиссалом Гуфт Фиръавнаш: «Чаро ту, эй калим, Халқро куштиву афгандӣ ту бим? Дар ҳазимат аз ту афтоданд халқ, Дар ҳазимат кушта шуд мардум зи залқ. Лоҷарам мардум туро душман гирифт, Кини ту дар сина марду зан гирифт. Халқро мехондӣ, баракс шуд, Аз хилофат мардумонро нест буд. Ман ҳам аз шаррат агар пас мехазам, Дар мукофоти ту деге мепазам. Дил аз ин баркан, ки бифребӣ маро, Ё ба ҷуз фай, пасравӣ гардад туро. Ту бад-он ғарра машав, к-иш сохтӣ, Дар дили халқон ҳарос андохтӣ. Сад чунин ориву ҳам расво шавӣ, Хор гардӣ, зуҳкаи ғавғо шавӣ. Ҳамчу ту солус бисёрон буданд, Оқибат дар Мисри мо расво шуданд».
Саҳифаи 39/229 |