|
Ҷавоби Мӯсо Фиръавнро дар таҳдиде, ки мекардаш Гуфт: «Бо амри Ҳақам ишрок нест, Гар бирезад хунам амраш, бок нест. Розиям ман, шокирам ман, эй ҳариф! Ин тараф расвову пеши Ҳақ шариф. Пеши халқон хору зору ришханд, Пеши Ҳақ маҳбубу матлубу писанд. Аз сухан мегӯям ин в-арна Худо Аз сияҳрӯён кунад фардо туро. Иззат они ӯст в-они бандагон-ш, З-Одаму Иблис бармехон нишон-ш. Шарҳи Ҳақ поён надорад ҳамчу Ҳақ, Ҳин даҳон барбанду баргардон варақ».
Саҳифаи 40/229 |