|
|
|
|
|
|
|
|
|
Дафтари сеюм |
|
|
Муттаҳам доштани қавм анбиёро алайҳиссалом Қавм гуфтанд: «Ин ҳама зарқ асту макр, Кай Худо ноиб кунад аз Зайду Бакр? Ҳар расули шоҳ бояд ҷинси ӯ, Обу гил ку? Холиқи афлок ку? Мағзи хар хӯрдем, то мо чун шумо Пашшаро дорем ҳамрози ҳумо? Ку ҳумо? Ку пашша? Ку гил? Ку Худо? З-офтоби чарх чӣ бвад зарраро? Ин чӣ нисбат? Ин чӣ пайванде бувад? То ки дар ақлу димоғе дарравад.
Саҳифаи 124/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|