|
Ҳикояти харгӯшон, ки харгӯшеро пеши пил фиристоданд, ки «Бигӯ, ки ман расули моҳи осмонам пеши ту, ки аз ин чашмаи об ҳазар кун» чунонки дар китоби «Калила» тамом гуфтааст Ин бад-он монад, ки харгӯше бигуфт: «Ман расули моҳаму бо моҳ ҷуфт». К-аз рамай пилон бар он чашмай зулол Ҷумла нахҷирон буданд андар вабол. Ҷумла маҳруму зи хавф аз чашма дур, Ҳилае карданд, чун кам буд зӯр. Аз сари куҳ бонг зад харгӯши зол, Сӯйи пилон дар шаби ғуррай ҳилол. Ки биё робеъ ашар, эй шоҳпил! То даруни чашма ёбӣ ин далел. Шоҳпило! Ман расулам, пеш бист, Бар расулон банду заҷру хашм нест. Моҳ мегӯяд, ки эй пилон, равед, Чашма они мост, з-ин як сӯ шавед. В-арна мантон кӯр гардонам ситам, Гуфтам, аз гардан бурун андохтам. Тарки ин чашма бигӯеду равед, То зи захми теғи маҳ эмин шавед. Нак нишон он аст, к-андар чашма моҳ Музтариб гардад зи пили обхоҳ. Он фалон шаб ҳозир о, эй шоҳпил! То даруни чашма ёбӣ з-ин далел. Чунки ҳафту ҳашт аз маҳ бигзарид, Шоҳпил омад, зи чашма мечарид. Чунки зад хартуми пил он шаб дар об, Музтариб шуд обу маҳ кард изтироб. Мо на з-он пилони гӯлем, эй гурӯҳ! К-изтироби моҳ орадмон шикӯҳ. Анбиё гуфтанд: «Оваҳ, панди ҷон Сахттар кард, эй сафеҳон, бандатон.
Саҳифаи 125/229 |