|
|
|
|
|
|
|
|
|
Дафтари сеюм |
|
|
Ҷавоб гуфтани анбиё таъни эшонро ва масал задан эшонро Эй дареғо, ки даво дар ранҷатон, Гашт заҳри қаҳри ҷон оҳанҷатон. Зулмат афзуд ин чароғ он чашмро, Чун гадо бигмошт пардай хашмро. Чӣ раисӣ ҷуст хоҳем аз шумо? Ки раёсатмон фузун аст аз само. Чӣ шараф ёбад зи киштӣ баҳри дур? Хоса киштие зи саргин гашта пур. Эй дареғ, он дидаи кӯру кабуд, Офтобе андар ӯ зарра намуд. З-одаме, ки буд бемислу надид, Дидаи Иблис ҷуз тине надид. Чашми девона баҳораш дай намуд, З-он тараф ҷунбид, к-ӯро хона буд. Эй басо давлат, ки ояд гоҳ-гоҳ Пеши бедавлат, бигардад ӯ зи роҳ. Эй басо маъшуқ, к-ояд ношинохт Пеши бадбахте, надонад ишқ бохт. Ин ғалатдеҳ дидаро ҳирмони мост В-ин муқаллиб қалбро сӯулқазост. Чун бути сангин шуморо қибла шуд, Лаънату кӯрӣ шуморо зулла шуд. Чун бишояд сангатон анбози Ҳақ, Чун нашояд ақлу ҷон ҳамрози Ҳақ? Пашшаи мурда ҳуморо шуд шарик, Чун нашояд зинда ҳамрози малик? Ё магар мурда тарошидай шумост, Пашшаи зинда тарошидай Худост. Ошиқи хешеду санъаткарди хеш Думми моронро сари мор аст кеш. На дар он дум давлатеву неъмате, На дар он сар роҳатеву лаззате. Гирди сар гардон бувад он думми мор, Лоиқанду дархуранд он ҳар ду ёр. Ончунон гӯяд ҳакими Ғазнавӣ, Дар «Илоҳинома», гар хуш бишнавӣ: «Кам фузулӣ кун ту дар ҳукми қадар, Дархур омад шахси хар бо гӯши хар». Шуд муносиб узвҳо в-абдонҳо, Шуд муносиб васфҳо бо ҷонҳо. Васфи ҳар ҷоне таносуб бошадаш, Бегумон бо ҷон, ки Ҳақ битрошадаш. Чун сифат бо ҷон қарин кардаст ӯ, Пас муносиб дон-ш ҳамчун чашму рӯ. Шуд муносиб васфҳо дар хубу зишт, Шуд муносиб ҳарфҳо, ки Ҳақ набишт. Дидаву дил ҳаст «байна исбаъайн», Чун қалам дар дасти котиб, эй Ҳусайн! Исбаъи лутф асту қаҳру дар миён Килки дил, бо қабзу басте з-ин банон. Эй қалам! Бингар гар иҷлолистӣ, Ки миёни исбаъайни кистӣ? Ҷумла қасду ҷунбишат з-ин исбаъ аст, Фарқи ту бар чорроҳи маҷмаъ аст. Ин ҳуруфи ҳолҳот аз насхи ӯст, Азму фасхат ҳам зи азму фасхи ӯст. Ҷуз ниёзу ҷуз тазарруъ роҳ нест, З-ин тақаллуб ҳар қалам огоҳ нест. Ин қалам донад, вале бар қадри х(в)ад, Қадри худ пайдо кунад дар неку бад. Он чӣ дар харгӯшу пил овехтанд, То азалро бо ҳиял омехтанд.
Саҳифаи 126/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|