|
Манъ кардани мункирон анбиёро алайҳимуссалом аз насиҳат кардан ва ҳуҷҷат овардани ҷабриёна Қавм гуфтанд: «Эй насӯҳон, бас бувад, Ин чӣ гуфтед, ар дар ин деҳ кас бувад. Қавл бар дилҳои мо бинҳод Ҳақ, Кас надонад бурд бар холиқ сабақ. Нақши мо ин кард он тасвиргар, Ин нахоҳадшон ба гуфтугӯ дигар. Сангро сад сол гӯйӣ лаъл шав, Кӯҳнаро сад сол гӯйӣ бош нав. Хокро гӯйӣ сифоти об гир, Обро гӯйӣ асал шав ё ки шир. Холиқи афлок ӯ в-афлокиён Холиқи обу туробу хокиён. Осмонро дод даврону сафо, Обу гилро тирарӯиву намо. Кай тавонад осмон дурдӣ гузид? Кай тавонад обу гил сафват харид? Қисмате кардаст ҳар якро раҳе, Кай куҳе гардад ба ҷаҳде чун каҳе?»
Саҳифаи 134/229 |