|
Ҳикмати офаридани дӯзахи он ҷаҳон ва зиндони ин ҷаҳон, то маъбади мутакаббирон бошад, ки «иътиё тавъан ав карҳан» Ки лаъимон дар ҷафо софӣ шаванд, Чун вафо бинанд, худ ҷофӣ шаванд. Масҷиди тоъоташон пас дӯзах аст, Пойбанди мурғи бегона фах аст. Ҳаст зиндон савмаъай дузду лаъим, К-андар ӯ зокир шавад Ҳақро муқим. Чун ибодат буд мақсуд аз башар, Шуд ибодатгоҳи гарданкаш сақар. Одамиро ҳаст дар ҳар кор даст, Лек аз ӯ мақсуд ин хидмат будаст. «Мо халақту-л-ҷинна ва-л-инс», ин бихон, Ҷуз ибодат нест мақсуд аз ҷаҳон. Гарчи мақсуд аз Китоб он фан бувад, Гар туаш болиш кунӣ, ҳам мешавад. Лек аз ӯ мақсуд ин болиш набуд, Илм буду донишу иршоду суд. Гар ту мехе сохтӣ шамшерро, Баргузидӣ бар зафар идбирро. Гарчи мақсуд аз башар илму ҳудист, Лек ҳар як одамиро маъбадест. Маъбади марди карим «акрамтуҳу», Маъбади марди лаъим «асқамтуҳу». Мар лаъимонро бизан, то сар ниҳанд, Мар каримонро бидеҳ, то бар диҳанд. Лоҷарам Ҳақ ҳар ду масҷид офарид, Дӯзах онҳорову инҳоро мазид. Сохт Мӯсо қудс дар боби сағир, То фуруд оранд сар қавми заҳир. З-он ки ҷабборон буданду сарфароз, Дӯзах он боби сағир асту ниёз.
Саҳифаи 140/229 |