Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсинӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари сеюм

 
rumi

Баёни он ки Ҳақ таъоло сурати мулукро сабаби мусаххар кардани ҷабборон, ки мусаххари Ҳақ набошанд, сохтааст, чунонки Мӯсо алайҳиссалом боби сағир сохт бар рабази қудс ҷиҳати рукӯъи ҷабборони банӣ Исроил вақти даромадан, ки «удхулу-л-боба суҷҷадан ва қулу ҳиттатун»

Ончунон ки Ҳақ зи гӯшту устухон
Аз шаҳон боби сағире сохт, ҳон!
Аҳли дунё саҷдаи эшон кунанд,
Чунки саҷдай кибриёро душмананд.
Сохт саргиндонаке меҳробашон,
Номи он меҳроб миру паҳлавон.
Лоиқи ин ҳазрати покӣ наед,
Найшакарпокон, шумо холӣ наед.
Он сагонро ин хасон хозеъ шаванд,
Шерро ор аст, к-ӯро биграванд.
Гурба бошад шаҳнаи ҳар мушхӯ,
Муш кӣ бвад, то зи шерон тарсад ӯ?
Хавфи эшон аз килоби Ҳақ бувад,
Хавфашон кай з-офтоби Ҳақ бувад?
«Рабби-ял-аъло»-ст вирди он меҳон,
«Рабби аднӣ» дархури ин аблаҳон.
Муш кай тарсад зи шерони масоф,
Балки он оҳутагони мушкноф.
Рав ба пеши косалес, эй деглес,
Ту-ш худованду валинеъмат навис.
Бас кун, ар шарҳе бигӯям дурдаст,
Хашм гирад миру ҳам донад, ки ҳаст.
Ҳосил он омад, ки бад кун, эй карим!
Бо лаъимон, то ниҳад гардан лаъим.
Бо лаъими нафс, чун эҳсон кунад,
Чун лаъимон нафси бад куфрон кунад.
З-ин сабаб буд, к-аҳли меҳнат шокиранд,
Аҳли неъмат тоғианду мокиранд.
Ҳаст тоғӣ баглари зарринқабо,
Ҳаст шокир хастаи соҳибабо.
Шукр кай рӯяд зи амлоку ниъам?
Шукр мерӯяд зи балвову сақам.

Саҳифаи 141/229
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари панҷум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj