|
Қиссаи ишқи сӯфӣ бар суфраи тиҳӣ Сӯфие бар мех рӯзе суфра дид, Чарх мезад, ҷомаҳоро медарид. Бонг мезад: «Нак, навои бенаво, Қаҳтҳову дардҳоро нак даво». Чунки дуду шӯри ӯ бисёр шуд, Ҳар кӣ сӯфӣ буд, бо ӯ ёр шуд. Ких-кихеву ҳою ҳуе мезаданд, Тои чанде масту бехуд мешуданд. Бӯфузуле гуфт сӯфиро, ки чист? Суфрае овехта в-аз нон тиҳист. Гуфт: «Рав, рав, нақши бемаънистӣ, Ту биҷӯ ҳастӣ, ки ошиқ нестӣ». Ишқи нон бе нон ғизои ошиқ аст, Банди ҳастӣ нест, ҳар к-ӯ содиқ аст. Ошиқонро кор набвад бо вуҷуд, Ошиқонро ҳаст бе сармоя суд. Бол неву гирди олам мепаранд, Даст неву гӯ зи майдон мебаранд. Он фақире, к-ӯ зи маънӣ бӯй ёфт, Дасти бибрида ҳаме занбил бофт. Ошиқон андар адам хайма заданд, Чун адам якрангу нафси воҳиданд. Ширхора кай шиносад завқи лут? Мар париро бӯй бошад луту пут. Одамӣ кай бӯ барад аз бӯйи ӯ? Чунки хӯйи ӯст зидди хӯйи ӯ. Ёбад аз бӯ он парии бӯйкаш, Ту наёбӣ он зи сад ман лути х(в)аш. Пеши қибтӣ хун бувад он оби Нил, Об бошад пеши сибтии ҷамил. Ҷода бошад баҳр з-исроилиён, Ғарқагаҳ бошад зи Фиръавни авон.
Саҳифаи 142/229 |