|
Махсус будани Яъқуб алайҳиссалом ба чашидани ҷоми Ҳақ аз рӯйи Юсуф ва кашидани бӯйи Ҳақ аз бӯйи Юсуф ва ҳирмони бародарон ва ғайриҳум аз ин ҳар ду Он чӣ Яъқуб аз рухи Юсуф бидид Хоси ӯ буд, он ба ихвон кай расид? Ин зи ишқаш хеш дар чаҳ мекунад В-он ба кин аз баҳри ӯ чаҳ меканад. Суфраи ӯ пеши ин аз нон тиҳист, Пеши Яъқуб аст пур, к-ӯ муштаҳист. Рӯйношуста набинад рӯйи ҳур, «Ло салота» гуфт: «Илло би-т-таҳур». Ишқ бошад луту пути ҷонҳо, Ҷӯъ аз ин рӯй аст қути ҷонҳо. Ҷӯъи Юсуф буд он Яъқубро, Бӯйи нонаш мерасид аз дур ҷо. Он ки бистад пераҳанро, мешитофт Бӯйи пероҳони Юсуф менаёфт. В-он ки сад фарсанг з-он сӯ буд ӯ, Чунки буд Яъқуб, мебӯйид бӯ. Эй басо олам зи дониш бенасиб, Ҳофизи илм аст он кас, на ҳабиб. Мустамеъ аз вай ҳамеёбад машом, Гарчи бошад мустамеъ аз ҷинси ом. З-он ки пероҳон ба дасташ орияст, Чун ба дасти он нахосӣ ҷорияст. Ҷория пеши нахосӣ сарсарист, Дар кафи ӯ аз барои муштарист. Қисмати Ҳаққ аст рӯзӣ додане, Ҳар якеро сӯйи дигар роҳ не. Як хаёли нек боғи он шуда, Як хаёли зишт роҳи ин зада. Он Худое, к-аз хаёле боғ сохт В-аз хаёле дӯзаху ҷойи гудохт. Пас кӣ донад роҳи гулшанҳои ӯ? Пас кӣ донад ҷойи гулханҳои ӯ? Дидбони дил набинад дар маҷол, К-аз кадомин рукни ҷон ояд хаёл? Гар бидидӣ матлаъашро з-эҳтиёл, Банд кардӣ роҳи ҳар нохушхаёл. Кай расад ҷосусро он ҷо қадам, Ки бувад мирсоду дарбанди адам? Домани фазлаш ба каф кун кӯрвор, Қабзи аъмо ин бувад, эй шаҳрёр! Домани ӯ амру фармони вай аст, Некбахте, ки туқо ҷони вай аст. Он яке дар марғзору ҷӯйи об В-он яке паҳлӯйи ӯ андар азоб. ӯ аҷаб монда, ки завқи ин зи чист? В-он аҷаб монда, ки ин дар ҳабси кист? Ҳин! Чаро хушкӣ? Ки ин ҷо чашмаҳост, Ҳин! Чаро зардӣ? Ки ин ҷо сад давост. Ҳамнишино! Ҳин! Даро андар чаман, Гӯяд: «Эй ҷон! Ман наёрам омадан».
Саҳифаи 143/229 |