|
Машки он ғулом аз ғайб пуроб кардан ба мӯъҷиза ва он ғуломи сиёҳро сапедрӯ кардан биизниллоҳи таъоло Эй ғулом! Акнун ту пур бин машки х(в)ад, То нагӯйӣ дар шикоят неку бад. Он сияҳ ҳайрон шуд аз бурҳони ӯ, Медамид аз ломакон имони ӯ. Чашмае дид аз ҳаво резон шуда, Машки ӯ рӯпӯши файзи он шуда. З-он назар рӯпӯшҳо ҳам бардарид, То муайян чашмаи ғайбӣ бидид. Чашмҳо пуроб кард он дам ғулом, Шуд фаромӯшаш зи хоҷа в-аз мақом. Дасту пояш монд аз рафтан ба роҳ, Зилзила афганд дар ҷонаш Илоҳ. Боз баҳри маслиҳат бозаш кашид, Ки ба хеш о, бозрав, эй мустафид! Вақти ҳайрат нест, ҳайрат пеши туст, Ин замон дар раҳ даро чолоку чуст. Дастҳои Мустафо бар рӯ ниҳод, Бӯсаҳои ошиқона бас бидод. Мустафо дасти муборак бар рухаш Он замон молиду кард ӯ фаррухаш. Шуд сапед он зангиву зодай ҳабаш, Ҳамчу бадру рӯз равшан шуд шабаш. Юсуфе шуд дар ҷамолу дар далол, Гуфташ: «Акнун рав ба деҳ, вогӯй ҳол». ӯ ҳамешуд бесару бепой маст, Пой менашнохт дар рафтан зи даст. Пас биёмад бо ду машки пур равон Сӯйи хоҷа аз навоҳий корвон.
Саҳифаи 150/229 |