|
Рабудани уқоб мӯзаи Мустафо алайҳиссалом ва бурдан бар ҳаво ва аз мӯза мори сиёҳ фурӯ афтодан Андар ин буданд, к-овози сало Мустафо бишнид аз сӯйи уло. Хост обеву вузӯро тоза кард, Дасту рӯро шуст ӯ з-он оби сард. Ҳар ду по шусту ба мӯза кард рой, Мӯзаро бирбуд як мӯзарабой. Даст сӯйи мӯза бурд он хушхитоб, Мӯзаро бирбуд аз дасташ уқоб. Мӯзаро андар ҳаво бурд ӯ чу бод, Пас нигун карду аз он море фитод. Дарфитод аз мӯза як мори сиёҳ, З-он иноят шуд уқобаш некхоҳ. Пас уқоб он мӯзаро овард боз, Гуфт: «Ҳин, бистону рав сӯйи намоз. Аз зарурат кардам ин густохие, Ман з-адаб дорам шикасташохие». Вой, к-ӯ густох пойе мениҳад, Бе зарурат, к-аш ҳаво фатво диҳад. Пас расулаш шукр карду гуфт: «Мо Ин ҷафо дидему буд ин худ вафо. Мӯза бирбудиву ман дарҳам шудам, Ту ғамам бурдиву ман дар ғам шудам. Гарчи ҳар ғайбе Худо моро намуд, Дил дар он лаҳза ба худ машғул буд». Гуфт: «Дур аз ту, ки ғафлат дар ту руст, Диданам он ғайбро ҳам акси туст. Мор дар мӯза бибинам бар ҳаво, Нест аз ман, акси туст, эй Мустафо!» Акси нуронӣ ҳама равшан бувад, Акси зулмонӣ ҳама гулхан бувад. Акси Абдуллаҳ ҳама нуре бувад, Акси бегона ҳама кӯре бувад. Акси ҳар касро бидон, эй ҷон! Бибин, Паҳлуйи ҷинсе, ки хоҳӣ, менишин.
Саҳифаи 154/229 |