|
Ваҷҳи ибрат гирифтан аз ин ҳикоят ва яқин донистан, ки «инна маъа-л-ъусри юсран» Ибрат аст он қисса, эй ҷон! Мар туро, То ки розӣ бошӣ дар ҳукми Худо. То ки зирак бошиву некӯгумон, Чун бибинӣ воқиай бад ногаҳон. Дигарон гарданд зард аз бими он, Ту чу гул хандон гаҳи суду зиён. З-он ки гул гар барг-баргаш меканӣ, Ханда нагзорад, нагардад мунсанӣ. Гӯяд аз хорӣ чаро афтам ба ғам? Хандаро ман худ зи хор овардаам. Ҳар чӣ аз ту ёва гардад аз қазо, Ту яқин дон, ки харидат аз бало. «Мат-тасаввуф? Қола: виҷдону-л-фараҳ, Фи-л-фуъоди инда итёни-т-тараҳ». Он иқобашро уқобе дон, ки ӯ Даррабуд он мӯзаро з-он некхӯ. То раҳонад пошро аз захми мор, Эй хунук ақле, ки бошад беғубор. Гуфт: «Ло таъсав ало мо фаътакум, Ин ата-с-сирҳон ва ардо шотакум». К-он бало дафъи балоҳои бузург, В-он зиён манъи зиёнҳои сутург.
Саҳифаи 155/229 |