|
Ваҳй омадан аз Ҳақ таъоло ба Мӯсо, ки биёмӯзаш чизе, ки истидъо кунад ё баъзе аз он Гуфт Яздон: «Ту бидеҳ боясти ӯ, Баргушо дар ихтиёр он дасти ӯ». Ихтиёр омад ибодатро намак В-арна мегардад ба нохоҳ ин фалак. Гардиши ӯро на аҷру на иқоб, К-ихтиёр омад ҳунар вақти ҳисоб. Ҷумла олам худ мусаббеҳ омаданд, Нест ин тасбеҳи ҷабрӣ муздманд. Теғ дар дасташ неҳ, аз аҷзаш бикан, То ки ғозӣ гардад ӯ ё роҳзан. З-он ки «каррамно» шуд Одам з-ихтиёр, Ним занбӯри асал шуд, ним мор. Мӯъминон кори асал занбӯрвор, Кофирон худ кони заҳре, ҳамчу мор. З-он ки мӯъмин хӯрд бигзидай набот, То чу наҳле гашт риқи ӯ ҳаёт. Боз кофир хӯрд шарбат аз садид, Ҳам зи қуташ заҳр шуд дар вай падид. Аҳли илҳоми Худо «айнулҳаёт», Аҳли тасвили «ҳаво самму-л-мамот». Дар ҷаҳон ин мадҳу шобошу зиҳӣ З-ихтиёр асту ҳифози огаҳӣ. Ҷумла риндон чунки дар зиндон буванд, Муттақиву зоҳиду ҳақхон шаванд. Чунки қудрат рафт, косид шуд амал, Ҳин, ки то сармоя настонад аҷал. Қудратат сармояи суд аст, ҳин! Вақти қудратро нигаҳ дору бибин. Одамӣ бар хинги «каррамно» савор, Дар кафи даркаш инони ихтиёр. Боз Мӯсо дод панд ӯро ба меҳр, Ки муродат зард хоҳад кард чеҳр. Тарки ин савдо бигӯ в-аз Ҳақ битарс, Дев додастат барои макр дарс.
Саҳифаи 157/229 |