|
Қонеъ шудани он толиб ба таълими забони мурғи хонагӣ ва саг ва иҷобати Мӯсо алайҳиссалом Гуфт: «Боре, нутқи саг, к-ӯ бар дар аст, Нутқи мурғи хонагӣ, к-аҳли пар аст». Гуфт Мӯсо: «Ҳин! Ту донӣ, рав, расид, Нутқи ин ҳар ду шавад бар ту падид». Бомдодон аз барои имтиҳон Истод ӯ мунтазир бар остон. Ходима суфра бияфшонду фитод Порае нони баёт осори зод. Даррабуд онро хурӯсе чун гарав, Гуфт саг: «Кардӣ ту бар мо зулм, рав, Донаи гандум тавонӣ хӯрду ман Оҷизам дар дона хӯрдан дар ватан. Гандуму ҷаврову боқии ҳабуб Метавонӣ хӯрду ман на, эй таруб! Ин лаби ноне, ки қисми мост нон, Мерабоӣ ин қадарро аз сагон?»
Саҳифаи 158/229 |