|
|
|
|
|
|
|
|
|
Дафтари сеюм |
|
|
Хаҷил гаштани хурӯс пеши саг ба сабаби дурӯғ шудан дар он се ваъда Чанд-чанд охир дурӯғу макри ту? Худ напаррад ҷуз дурӯғ аз вакри ту. Гуфт: «Ҳошо аз ману аз ҷинси ман, Ки бигардем аз дурӯғе мумтаҳан. Мо хурӯсон чун муаззин ростгӯй, Ҳам рақиби офтобу вақтҷӯй. Посбони офтобем аз дарун, Гар кунӣ болои мо таште нигун». Посбони офтобанд авлиё, Дар башар воқиф зи асрори Худо. Асли моро Ҳақ пайи бонги намоз Дод ҳадя одамиро дар ҷиҳоз. Гар ба ноҳангом саҳвемон равад Дар азон, он мақтали мо мешавад. Гуфти ноҳангоми «ҳай ала-л-фалоҳ», Хуни моро мекунад хору мубоҳ. Он ки маъсум омаду пок аз ғалат, Он хурӯси ҷону ваҳй омад фақат. Он ғуломаш мурд пеши муштарӣ, Шуд зиёни муштарӣ он яксарӣ. ӯ гурезонид молашро, валек Хуни худро рехт, андарёб нек. Як зиён дафъи зиёнҳо мешудӣ, Ҷисму моли мост ҷонҳоро фидӣ. Пеши шоҳон дар сиёсатгустарӣ Медиҳӣ ту молу сарро мехарӣ. Аъҷамӣ чун гаштаӣ андар қазо, Мегурезонӣ зи довар молро.
Саҳифаи 160/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|