|
Давидани он шахс ба сӯйи Мӯсо ба зинҳор, чун аз хурӯс хабари марги худ шунид Чун шунид инҳо, давон шуд тезу тафт, Бар дари Мӯсо калимуллоҳ рафт. Рӯ ҳамемолид дар хок ӯ зи бим, Ки маро фарёд рас з-ин, эй Калим! Гуфт: «Рав, бифрӯш худрову бираҳ, Чунки усто гаштаӣ, барҷаҳ зи чаҳ. Бар мусулмонон зиён андоз ту, Кисаву ҳамёнҳоро кун дутӯ. Ман даруни хишт дидам ин қазо, Ки дар ойина аён шуд мар туро. Оқил аввал бинад охирро ба дил, Андар охир бинад, аз дониш муқил». Боз зорӣ кард, к-эй некӯхисол, Мар маро дар сар мазан, дар рӯ мамол. Аз ман он омад, ки будам носазо, Носазоямро ту деҳ ҳуснулҷазо. Гуфт: «Тире ҷаст аз шаст, эй писар! Нест суннат, к-ояд он вопас ба сар. Лек дархоҳам зи некӯдоварӣ, То ки имон он замон бо худ барӣ. Чунки имон бурда бошӣ, зиндаӣ, Чунки бо имон равӣ, пояндаӣ». Ҳам дар он дам ҳол бар хоҷа бигашт, То дилаш шӯриду оварданд ташт. Шӯриши марг аст, на ҳайзай таом, Қай чӣ судат дорад, эй бадбахти хом? Чор кас бурданд то сӯйи вусоқ, Соқ мемолид ӯ бар пушти соқ. Панди Мӯсо нашнавӣ, шӯхӣ кунӣ, Хештан бар теғи пӯлодӣ занӣ. Шарм н-ояд теғро аз ҷони ту, Они туст ин, эй бародар, они ту!
Саҳифаи 162/229 |