|
Иҷобат кардани Ҳақ таъоло дуъои Мӯсоро алайҳиссалом Гуфт: «Бахшидам бад-ӯ имон, наъам В-ар ту хоҳӣ, ин замон зиндаш кунам. Балки ҷумла мурдагони хокро Ин замон зинда кунам баҳри туро». Гуфт Мӯсо: «Ин ҷаҳони мурдан аст, Он ҷаҳон ангез, к-он ҷо равшан аст. Ин фаноҷо чун ҷаҳони буд нест, Бозгашти орият бас суд нест. Раҳмате афшон бар эшон ҳам кунун Дар ниҳонхонай ладайно мӯҳзарун». То бидонӣ, ки зиёни ҷисму мол Суди ҷон бошад, раҳонад аз вубол. Пас риёзатро ба ҷон шав муштарӣ, Чун супурдӣ тан ба хидмат, ҷон барӣ. В-ар риёзат оядат беихтиёр, Сар бинеҳ, шукрона деҳ, эй комёр. Чун Ҳақат дод он риёзат, шукр кун, Ту накардӣ, ӯ кашидат з-амри «кун».
Саҳифаи 164/229 |