|
Ҳикояти он зане, ки фарзандаш намезист, бинолид, ҷавоб омад, ки он ивази риёзати туст ва ба ҷойи ҷиҳоди муҷоҳидон аст туро Он зане ҳар сол зоидӣ писар, Беш аз шаш маҳ набудӣ умрвар. Ё се маҳ ё чор маҳ, гаштӣ табоҳ, Нола кард он зан, ки афғон, эй Илоҳ! Нӯҳ маҳам бор асту се моҳам фараҳ, Неъматам зутар рав аз қавси қузаҳ. Пеши мардони Худо кардӣ нафир З-ин шикоят он зан аз дарди назир. Бист фарзанд инчунин дар гӯр рафт, Оташе дар ҷонашон афтод тафт. То шабе бинмуд ӯро ҷаннате, Боқие, сабзе, хуше, безинате. Боғ гуфтам неъмати бекайфро, К-асли неъматҳосту маҷмаъ боғҳо. В-арна «ло айнун раъат», чӣ ҷойи боғ, Гуфт нури ғайбро Яздон чароғ. Мисл набвад он, мисоли он бувад, То барад бӯй он ки ӯ ҳайрон бувад. Ҳосил, он зан дид онро, маст шуд, З-он таҷаллӣ он заъиф аз даст шуд. Дид дар қасре набишта номи хеш, Они худ донисташ он маҳбубкеш. Баъд аз он гуфтанд, к-ин неъмат варост, К-ӯ ба ҷонбозӣ ба ҷуз содиқ нахост. Хидмати бисёр мебоист кард, Мар туро, то бархурӣ з-ин чошт х(в)ард. Чун ту коҳил будӣ андар илтиҷо, Ин мусибатҳо иваз додат Худо. Гуфт: «Ё раб, то ба сад солу фузун Инчунинам деҳ, бирез аз ман ту хун». Андар он боғ ӯ чу омад беш пеш, Дид дар вай ҷумла фарзандони хеш. Гуфт: «Аз ман гум шуд, аз ту гум нашуд, Бе ду чашми ғайб кас мардум нашуд. Ту накардӣ қасду аз бинӣ давид Хуни афзун, то зи таб ҷонат раҳид. Мағзи ҳар мева беҳ аст аз пӯсташ, Пӯст дон танрову мағз он дӯсташ. Мағзи нағзе дорад охир одамӣ, Як даме онро талаб, гар з-он дамӣ.
Саҳифаи 165/229 |