|
Ташбеҳи насс бо қиёс Насс ваҳйи рӯҳи қудсӣ дон яқин В-он қиёси ақли ҷузвӣ таҳти ин. Ақл аз ҷон гашт бо идроку фар, Рӯҳ ӯро кай шавад зери назар? Лек ҷон дар ақл таъсире кунад, З-он асар он ақл тадбире кунад. Нӯҳвор ар саддақе зад дар ту рӯҳ, Ку яму киштиву ку тӯфони Нӯҳ? Ақл асарро рӯҳ пиндорад, валек Нури хур аз қурси хур дур аст нек. З-он ба қурсе солике хурсанд шуд, То зи нураш сӯйи қурс афганд шуд. З-он ки ин нуре, ки андар софил аст, Нест доим рӯзу шаб, ӯ офил аст. В-он ки андар қурс дорад бошу ҷо, Ғарқаи он нур бошад доимо. На саҳобаш раҳ занад худ, на ғуруб, Вораҳид ӯ аз фироқи синакӯб. Инчунин кас аслаш аз афлок буд, Ё мубаддал гашт, гар аз хок буд. З-он ки хокеро набошад тоби он, Ки занад бар вай шуъоаш ҷовидон. Гар занад бар хок доим тоби х(в)ар, Ончунон сӯзад, ки н-ояд з-ӯ самар. Доим андар об кори моҳӣ аст, Морро бо ӯ куҷо ҳамроҳӣ аст? Лек дар кӯҳ морҳои пурфананд, Андар ин ям моҳйиҳо мекунанд. Макрашон гар халқро шайдо кунад, Ҳам зи дарё тосашон расво кунад. В-андар ин ям моҳиёни пурфананд, Морро аз сеҳр моҳӣ мекунанд. Моҳиёни қаъри дарёи ҷалол Баҳрашон омӯхта сеҳри ҳалол. Бас муҳол аз тоби эшон ҳол шуд, Наҳс он ҷо рафту некӯфол шуд. То қиёмат гар бигӯям з-ин калом, Сад қиёмат бигзарад в-ин нотамом.
Саҳифаи 173/229 |