|
Шинохтани ҳар ҳайвоне бӯйи адувви худро ва ҳазар кардан ва батолату хисорати он кас, ки адувви касе бувад, ки аз ӯ ҳазар мумкин нест ва фароз мумкин не ва муқобила мумкин не Асб донад бӯю бонги шерро, Гарчи ҳайвон аст илло нодиро. Бал адувви хешро ҳар ҷонвар Худ бидонад аз нишону аз асар. Рӯз хуффошак наёрад барпарид, Шаб бурун омад чу дуздону чарид. Аз ҳама маҳрумтар хуффош буд, Ки адувви офтоби фош буд. На тавонад дар масофаш захм х(в)ард, На ба нафрин тонадаш маҳҷур кард. Офтобе, ки бигардонад қафош Аз барои ғуссаву қаҳри хуфош. Ғоиби лутфу камоли ӯ бувад, Гар на хуффошаш куҷо монеъ шавад? Душмане гирӣ, ба ҳадди хеш гир, То бувад мумкин, ки гардонӣ асир. Қатра бо қулзум чу истеза кунад, Аблаҳ аст ӯ, риши худ бармеканад. Ҳилати ӯ аз сиболаш нагзарад, Чанбарай ҳуҷрай қамар чун бардарад? Бо адувви офтоб ин буд итоб, Эй адувви офтоби офтоб! Эй адувви офтобе, к-аз фараш Мебиларзад офтобу ахтараш. Ту адувви ӯ найӣ, хасми худӣ, Чӣ ғам оташро, ки ту ҳезум шудӣ? Эй аҷаб! Аз сӯзишат ӯ кам шавад? Ё зи дарди сӯзишат пурғам шавад? Раҳматаш на раҳмати Одам бувад, Ки мизоҷи раҳми одам ғам бувад. Раҳмати махлуқ бошад ғуссанок, Раҳмати Ҳақ аз ғаму ғуссаст пок. Раҳмати бечун чунин дон, эй падар, Н-ояд андар ваҳм аз вай ҷуз асар.
Саҳифаи 175/229 |