|
Ҷамъ ва тавфиқ миёни нафй ва исботи як чиз аз рӯйи нисбат ва ихтилофи ҷиҳат Нафй он як чизу исботаш равост, Чун ҷиҳат шуд мухталиф, нисбат ду тост. «Мо рамайта из рамайт» аз нисбат аст, Нафйу исбот асту ҳар ду мусбат аст. Он ту афгандӣ, чу бар дасти ту буд, Ту наафгандӣ, ки қувват Ҳақ намуд. Зӯри одамзодро ҳадде бувад, Мушти хок ишкасти лашкар кай шавад? Мушт мушти тусту афгандан зи мост, З-ин ду нисбат нафю исботаш равост. «Яърифуна-л-анбиё аздодуҳум, Мисла мо ло яштабиҳ авлодуҳум». Ҳамчу фарзандони худ донандашон Мункирон бо сад далелу сад нишон. Лек аз рашку ҳасад пинҳон кунанд, Хештанро бар «надонам» мезананд. Пас чу «яъриф» гуфт, чун ҷойи дигар, Гуфт: «ло яърифуҳум ғайрӣ» фазар. «Иннаҳум таҳта қибоби коминун», Ҷуз, ки Яздоншон надонад з-озмун. Ҳам ба нисбат гир ин мафтӯҳро, Ки бидониву надонӣ Нӯҳро.
Саҳифаи 177/229 |