|
Гуфтани Рӯҳулқудус Марямро, ки ман расули Ҳаққам ба ту, ошуфта машав ва пинҳон машав аз ман, ки фармон ин аст Бонг бар вай зад намудори карам, Ки амини ҳазратам, аз ман марам. Аз сарафрозони иззат сар макаш, Аз чунин хушмаҳрамон худ дармакаш. Ин ҳамешгуфту зуболай нури пок Аз лабаш мешуд паёпай бар симок. Аз вуҷудам мегурезӣ дар адам? Дар адам ман шоҳаму соҳибалам. Худ буна-в бунгоҳи ман дар нестист, Яксавора нақши ман пеши сатист. Марямо! Бингар, ки нақши мушкилам, Ҳам ҳилолам, ҳам хаёл андар дилам. Чун хаёле дар дилат омад, нишаст, Ҳар куҷо, ки мегурезӣ, бо ту аст. Ҷуз хаёли оризии ботиле, К-ӯ бувад чун субҳи козиб офиле. Ман чу субҳи содиқам аз нури раб, Ки нагардад гирди рӯзам ҳеч шаб. Ҳин, макун «лоҳавл», имронзодаам, Ки зи «лоҳавл» ин тараф афтодаам. Мар маро аслу ғизо лоҳавл буд, Нури лоҳавлӣ, ки пеш аз қавл буд. Ту ҳамегирӣ паноҳ аз ман ба Ҳақ, Ман нигоридай паноҳам дар сабақ. Он паноҳам ман, ки мухлисҳот буз, Ту аъуз ориву ман худ он аъуз. Офате набвад батар аз ношинохт, Ту бари ёру надонӣ ишқ бохт. Ёрро ағёр пиндорӣ ҳаме, Шодиеро ном бинҳодӣ ғаме. Инчунин нахле, ки лутфи ёри мост, Чунки мо дуздем, нахлаш дори мост. Инчунин мушкин, ки зулфи мири мост, Чунки бе иқлим, ин занҷири мост. Инчунин лутфе чу Ниле меравад, Чунки Фиръавнем, чун хун мешавад. Хун ҳамегӯяд: «Ман обам, ҳин, марез, Юсуфам, гург аз туам, эй пурситез!» Ту намебинӣ, ки ёри бурдбор, Чунки бо ӯ зид шудӣ, гардад чу мор. Лаҳми ӯву шаҳми ӯ дигар нашуд, ӯ чунон бад, ҷуз ки аз манзар нашуд.
Саҳифаи 181/229 |