|
Манъ кардани дӯстон ӯро аз руҷӯъ кардан ба Бухоро ва таҳдид кардан ва лоуболӣ гуфтани ӯ Гуфт ӯро носеҳе: «Эй бехабар! Оқибат андеш, агар дорӣ ҳунар. Дарнигар пасро ба ақлу пешро, Ҳамчу парвона масӯзон хешро. Чун Бухоро меравӣ, девонаӣ, Лоиқи занҷиру зиндонхонаӣ. ӯ зи ту оҳан ҳамехояд зи хашм, ӯ ҳамеҷӯяд туро бо бист чашм. Мекунад ӯ тез аз баҳри ту корд, ӯ саги қаҳт асту ту анбони орд. Чун раҳидиву Худоят роҳ дод, Сӯйи зиндон меравӣ? Чунат фитод? Бар ту гар даҳ гун муваккил омадӣ, Ақл боястӣ, к-аз эшон гум задӣ. Чун муваккил нест бар ту ҳеч кас, Аз чӣ баста гашт бар ту пешу пас». Ишқи пинҳон карда буд ӯро асир, Он муваккилро намедид он назир. Ҳар муваккалро муваккил мухтафист В-арна ӯ дар банди сагтабъӣ зи чист? Хашми шоҳи ишқ бар ҷонаш нишаст, Бар авониву сияҳрӯйиш баст. Мезанад ӯро, ки ҳин! ӯро бизан, З-он авонони ниҳон афғони ман. Ҳар кӣ бинӣ, дар зиёне меравад. Гарчи танҳо, бо авоне меравад. Гар аз ӯ воқиф будӣ, афғон задӣ, Пеши он султони султонон шудӣ. Рехтӣ бар сар ба пеши шоҳ хок, То амон дидӣ зи деви саҳмнок. Мир дидӣ хешро, эй кам зи мӯр! З-он надидӣ он муваккилро ту кӯр. Ғирра гаштӣ з-ин дурӯғин парру бол, Парру боле, к-ӯ кашад сӯйи вабол. Пар сабук дорад, раҳи боло кунад, Чун гилолу(д) шуд, гарониҳо кунад.
Саҳифаи 184/229 |