|
Даромадани он ошиқи лоуболӣ дар Бухоро ва таҳзир кардани дӯстон ӯро аз пайдо шудан Андаромад дар Бухоро шодмон Пеши маъшуқи худу доруламон. Ҳамчу он масте, ки паррад бар асир, Маҳ канораш гираду гӯяд, ки гир. Ҳар кӣ дидаш дар Бухоро, гуфт: «Хез, Пеш аз пайдо шудан, маншин, гурез, Ки туро меҷӯяд он шаҳ хашмгин, То кашад аз ҷони ту даҳсола кин. Аллаҳ-аллаҳ дармаё дар хуни хеш, Такя кам кун бар даму афсуни хеш. Шаҳнаи садри ҷаҳон будиву род, Мӯътамад будӣ, муҳандис устод. Ғадр кардӣ в-аз ҷазо бигрехтӣ, Раста будӣ, боз чун овехтӣ? Аз бало бигрехтӣ бо сад ҳиял, Аблаҳӣ овардат ин ҷо ё аҷал?» Эй ки ақлат бар Уторид дақ кунад, Ақлу оқилро қазо аҳмақ кунад. Наҳс харгӯше, ки бошад шерҷӯ, Зиракиву ақлу чолокит ку? Ҳаст сад чандин фусунҳои қазо, Гуфт: «Изо ҷоъа-л-қазо зоқа-л-фазо». Сад раҳу махлас бувад аз чаппу рост, Аз қазо баста шавад, к-ӯ аждаҳост.
Саҳифаи 187/229 |