|
Расидани он ошиқ ба маъшуқи хеш, чун даст аз ҷони худ бишуст Ҳамчу гӯйе, саҷдакун бар рӯву сар Ҷониби он садр шуд бо чашми тар. Ҷумла халқон мунтазир, сар дар ҳаво, К-аш бисӯзад ё баровезад варо. Ин замон, ин аҳмақи яклахтро, Он намояд, ки замон бадбахтро. Ҳамчу парвона шарарро нур дид, Аҳмақона дарфитод, аз ҷон бурид. Лек шамъи ишқ чун он шамъ нест, Равшан андар равшан андар равшанист. ӯ ба акси шамъҳои оташист, Менамояд оташу ҷумла х(в)ашист.
Саҳифаи 189/229 |