|
Сифати он масҷид, ки ошиқкуш буд ва он ошиқи маргҷӯйи лоуболӣ, ки дар ӯ меҳмон шуд Як ҳикоят гӯш кун, эй некпай, Масҷиде буд бар канори шаҳри Рай. Ҳеч кас дар вай нахуфтӣ шаб зи бим, Ки на фарзандаш шудӣ он шаб ятим. Баски андар вай ғариби ур рафт, Субҳдам чун ахтарон дар гӯр рафт. Хештанро нек аз ин огоҳ кун, Субҳ омад, хобро кӯтоҳ кун. Ҳар касе гуфтӣ, ки парёнанд тунд, Андар ӯ меҳмонкушон бо теғи кунд. Он дигар гуфтӣ, ки сеҳр асту тилисм, К-ин расад бошад адувви ҷону хасм. Он дигар гуфтӣ, ки барнеҳ нақши фош Бар дараш, к-эй меҳмон! Ин ҷо мабош. Шаб махусб ин ҷо, агар ҷон боядат В-арна марг ин ҷо камин бигшоядат. В-он яке гуфтӣ, ки шаб қуфле ниҳед, Ғофиле, к-ояд, шумо кам раҳ диҳед.
Саҳифаи 190/229 |