|
Мубориза бар зидди коррупсияеҳмон омадан дар он масҷид То яке меҳмон даромад вақти шаб, К-ӯ шунида буд он сити аҷаб. Аз барои озмун меозмуд, З-он ки бас мардонаву ҷонсер буд. Гуфт: «Кам гирам сару ишкамбае, Рафта гир аз ганҷи ҷон як ҳаббае. Сурати тан гӯ, бирав, ман кистам? Нақш кам н-ояд, чу ман боқистам. Чун «нафахту» будам аз лутфи Худо, Нафхи Ҳақ бошам, зи нойи тан ҷудо. То наяфтад бонги нафхаш ин тараф, То раҳад он гавҳар аз тангин садаф. Чун «таманнав мавта» гуфт, эй содиқин! Содиқам, ҷонро барафшонам бар ин».
Саҳифаи 191/229 |