|
Маломат кардани аҳли масҷид он меҳмони ошиқро аз шаб хуфтан дар он ҷо ва таҳдид кардан мар ӯро Қавм гуфтандаш, ки ҳин, ин ҷо махусб, То накӯбад ҷонситонат ҳамчу кусб, Ки ғарибиву намедонӣ зи ҳол, К-андар ин ҷо ҳар кӣ хуфт, омад завол. Иттифоқе нест ин, мо борҳо Дидаему ҷумла асҳоби нуҳо. Ҳар кӣ он масҷид шабе маскан шудаш, Ними шаб марги ҳалоҳил омадаш. Аз яке мо то ба сад ин дидаем, На ба тақлид, аз касе бишнидаем. Гуфт: «Ад-дину насиҳа» он расул, Он насиҳат дар луғат зидди ғулул. Ин насиҳат ростӣ дар дӯстӣ, Дар ғулулӣ хоину сагпӯстӣ. Бехиёнат ин насиҳат аз видод Менамоемат, магард аз ақлу дод.
Саҳифаи 192/229 |