|
Тамсили собир шудани мӯъмин чун бар шарру хайри бало воқиф шавад Саг шикорӣ нест, ӯро тавқ нест, Хому ноҷӯшида ҷуз безавқ нест. Гуфт наххуд: «Чун чунин аст, эй сатӣ, Хуш биҷӯшам, ёриям деҳ ростӣ. Ту дар ин ҷӯшиш чу меъмори манӣ, Кафчалезам зан, ки бас хуш мезанӣ. Ҳамчу пилам, бар сарам зан захму доғ, То набинам хоби Ҳиндустону боғ. То ки худро дардиҳам дар ҷӯш ман, То раҳе ёбам дар он оғӯш ман. З-он ки инсон дар ғино тоғӣ шавад, Ҳамчу пили хоббин ёғӣ шавад. Пил чун дар хоб бинад Ҳиндро, Пилбонро нашнавад, орад дағо.
Саҳифаи 200/229 |