|
Боқии қиссаи меҳмони он масҷиди меҳмонкуш ва суботу сидқи ӯ Он ғариби шаҳри сарболо талаб, Гуфт: «Мехусбам дар ин масҷид ба шаб. Масҷидо! Гар Карбалои ман шавӣ, Каъбаи ҳоҷатравои ман шавӣ. Ҳин, маро бигзор, эй бигзида дор, То расанбозӣ кунам мансурвор. Гар шудет андар насиҳат Ҷабраил, Менахоҳад ғавс дар оташ Халил. Ҷабраило! Рав, ки ман афрӯхта Беҳтарам чун уду анбар сӯхта. Ҷабраило! Гарчи ёрӣ мекунӣ, Чун бародар посдорӣ мекунӣ. Эй бародар! Ман бар озар чобукам, Ман на он ҷонам, ки гардам бешу кам. Ҷони ҳайвонӣ физояд аз алаф, Оташе буду чу ҳезум шуд талаф. Гар нагаштӣ ҳезум ӯ, мусмир будӣ, То абад маъмуру ҳам омир будӣ. Боди сӯзон аст ин оташ, бидон, Партави оташ бувад, на айни он. Айни оташ дар асир омад яқин, Партаву сояй вай аст андар замин. Лоҷарам партав напояд з-изтироб, Сӯйи маъдан бозмегардад шитоб. Қомати ту барқарор омад ба соз, Сояат кӯтаҳ даме, як дам дароз. З-он ки дар партав наёбад кас субот, Аксҳо вогашт сӯйи уммаҳот. Ҳин, даҳон барбанд, фитна лаб гушод, Хушк ор, «Аллоҳу аълам би-р-ришод».
Саҳифаи 202/229 |