 |
Ташбеҳи сурати авлиё ва сурати каломи авлиё ба сурати асои Мӯсо ва сурати афсуни Исо алайҳимоссалом Одамӣ ҳамчун асои Мӯсӣ аст, Одамӣ ҳамчу фусуни Исӣ аст. Дар кафи Ҳақ баҳри доду баҳри зайн Қалби мӯъмин ҳаст «байна исбаъайн». Зоҳираш чӯбе, валекин пеши ӯ Кавн як луқма, чу бигшояд гулӯ. Ту мабин з-афсуни Исо ҳарфу савт, Он бибин, к-аз вай гурезон гашт мавт. Ту мабин з-афсунаш он лаҳҷоти паст, Он нигар, ки мурда барҷасту нишаст. Ту мабин мар он асоро саҳлбофт, Он бибин, ки баҳри Хазроро шикофт. Ту зи дурӣ дидаӣ чатри сиёҳ, Як қадам фопеш неҳ, бингар сипоҳ. Ту зи дурӣ менабинӣ ҷуз ки гард, Андаке пеш о, бибин дар гард мард. Дидаҳоро гарди ӯ равшан кунад, Кӯҳҳоро мардии ӯ барканад. Чун баромад Мӯсӣ аз ақсои дашт Кӯҳи Тур аз мақдамаш раққос гашт.
Саҳифаи 206/229 |