Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари сеюм

 
rumi

Тафсири ин оят, ки «ин тастафтиҳу фақад ҷоъакуму-л-фатҳу-л-оя». Эй тоъинон! Мегуфтед, ки аз мо ва Муҳаммад алайҳиссалом, он ки ҳақ аст, фатҳу нусраташ деҳ ва ин бад-он мегуфтед, то гумон ояд, ки шумо толиби Ҳаққед, беғараз. Акнун Муҳаммадро нусрат додем, то соҳиби ҳақро бибинед

Аз бутону аз Худо дархостем,
Ки бикан моро, агар норостем.
Он ки ҳаққу рост аст аз мову ӯ,
Нусраташ деҳ, нусрати ӯро биҷӯ.
Ин дуъо бисёр кардему салот,
Пеши Лоту пеши Уззову Манот.
Ки агар ҳаққ аст ӯ, пайдо-ш кун,
В-ар набошад ҳақ, забуни мо-ш кун.
Чунки водидем, ӯ мансур буд,
Мо ҳама зулмат будем, ӯ нур буд.
Ин ҷавоби мост, к-он чӣ хостед,
Гашт пайдо, ки шумо норостед».
Боз ин андешаро аз фикри хеш
Кӯр мекарданду дафъ аз зикри хеш.
К-ин тафаккурмон ҳам аз идбор руст,
Ки савоби ӯ шавад дар дил дуруст.
Худ чӣ шуд, гар ғолиб омад чанд бор
Ҳар касеро ғолиб орад рӯзгор.
Мо ҳам аз айём бахтовар шудем,
Борҳо бар вай музаффар омадем.
Боз гуфтандӣ, ки гарчи ӯ шикаст,
Чун шикасти мо набуд он зишту паст.
З-он ки бахти неки ӯро даршикаст,
Дод сад шодии пинҳон зери даст.
К-ӯ ба ишкаста намемонист ҳеч,
Ки на ғам будаш дар он, на печ-печ.
Чун нишони мӯъминон мағлубӣ аст,
Лек дар ишкасти мӯъмин хубӣ аст.
Гар ту мушку анбареро бишканӣ,
Оламе аз фавҳи райҳон пур кунӣ.
В-ар шикастӣ ногаҳон саргини хар,
Хонаҳо пурганд гардад то ба сар.
Вақти вогашти Ҳудайбийя ба зул,
Давлати «инно фатаҳно зад дуҳул».

Саҳифаи 218/229
 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари панҷум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj