 |
Ҳикояти ошиқе, дарозҳиҷроне, бисёримтиҳоне Як ҷавоне бар зане маҷнун будаст, Менадодаш рӯзгори васл даст. Бас шиканҷа кард ишқаш бар замин, Худ чаро дорад зи аввал ишқ кин? Ишқ аз аввал чаро хунӣ бувад? То гурезад он ки берунӣ бувад. Чун фиристодӣ расуле пеши зан, Он расул аз рашк гаштӣ роҳзан. В-ар ба сӯйи зан набиштӣ котибаш, Номаро таҳсиф хондӣ ноибаш. В-ар саборо пайк кардӣ дар вафо, Аз ғуборе тира гаштӣ он сабо. Руқъа гар бар парри мурғе дӯхтӣ, Парри мурғ аз таффи руқъа сӯхтӣ. Роҳҳои чораро ғайрат бибаст, Лашкари андешаро роят шикаст. Буд аввал мӯниси ғам интизор, Охираш бишкаст, кӣ? Ҳам интизор! Гоҳ гуфтӣ, к-ин балои бедавост, Гоҳ гуфтӣ: «На! Ҳаёти ҷони мост». Гоҳ ҳастӣ з-ӯ баровардӣ саре, Гоҳ ӯ аз нестӣ хӯрдӣ баре. Чунки бар вай сард гаштӣ ин ниҳод, Ҷӯш кардӣ гармчашмай иттиҳод. Чунки бо бебаргии ғурбат бисохт, Барги бебаргӣ ба сӯйи ӯ битохт. Хӯшаҳои фикраташ бекоҳ шуд, Шабравонро раҳнамо чун моҳ шуд. Эй басо тӯтии гӯёи хамуш, Эй басо ширинравони рӯтуруш. Рав, ба гӯристон даме хомуш нишин, Он хамӯшони сухангӯро бибин. Лек агар якранг бинӣ хокашон, Нест яксон ҳолати чолокашон. Шаҳму лаҳми зиндагон яксон бувад, Он яке ғамгин, дигар шодон бувад. Ту чӣ донӣ, то нанӯшӣ қолашон? З-он, ки пинҳон аст бар ту ҳолашон. Бишнавӣ аз қол ҳоюҳуйро, Кай бибинӣ ҳолати садтӯйро? Нақши мо яксон, ба зидҳо муттасиф, Хок ҳам яксон, равоншон мухталиф. Ҳамчунин яксон бувад овозҳо, Ин яке пурдарду он пурнозҳо. Бонги асбон бишнавӣ андар масоф, Бонги мурғон бишнавӣ андар тавоф. Он яке аз ҳиқду дигар з-иртибот, Он яке аз ранҷу дигар аз нишот. Ҳар кӣ дур аз ҳолати эшон бувад, Пешаш он овозҳо яксон бувад. Он дарахте ҷунбад аз захми табар, В-он дарахти дигар аз боди саҳар. Бас ғалат гаштам зи деги мурдарег, З-он ки сарпӯшида меҷӯшид дег. Ҷӯшу нӯши ҳар касат гӯяд, биё, Ҷӯши сидқу ҷӯши тазвиру риё. Гар надорӣ бӯ зи ҷони рӯшинос, Рав, димоғе даст овар бӯшинос. Он димоғе, ки бар он гулшан танад, Чашми яъқубон ҳам ӯ равшан кунад. Ҳин, бигӯ аҳволи он хастаҷигар, К-аз бухорӣ дур мондем, эй писар!
Саҳифаи 228/229 |