|
Посухи Фиръавн Мӯсоро алайҳиссалом Гуфт Фиръавнаш: «Варақ дар ҳукми мост, Дафтару девони ҳукм ин дам марост. Мар маро бихридаанд аҳли ҷаҳон, Аз ҳама оқилтарӣ ту, эй фалон? Мӯсиё! Худро харидӣ, ҳин! Бирав Хештан кам бин, ба худ ғарра машав. Ҷамъ орам соҳирони даҳрро, То ки ҷаҳли ту намоям шаҳрро. Ин нахоҳад шуд ба як рӯзу ду рӯз Мӯҳлатам деҳ то чиҳил рӯзи тамуз».
Саҳифаи 41/229 |