|
Ҷавоби Фиръавн Мӯсоро ва ваҳй омадан Мӯсоро алайҳиссалом Гуфт: «На, на мӯҳлатам бояд ниҳод, Ишваҳо кам деҳ ту, кам паймой бод». Ҳақ таъоло ваҳй кардаш дарзамон: «Мӯҳлаташ деҳ муттасеъ, маҳрос аз он. Ин чиҳил рӯзаш бидеҳ мӯҳлат ба тавъ, То сиголад макрҳо ӯ навъ-навъ. То бикӯшад ӯ, ки не ман хуфтаам, Тез рав гӯ, пеши раҳ бигрифтаам. Ҳилаҳошонро ҳама бар ҳам занам В-он чӣ афзоянд, ман бар кам занам. Обро оранду ман оташ кунам, Нӯшу хуш гиранду ман нох(в)аш кунам. Меҳр пайванданду ман вайрон кунам, Он ки андар ваҳм н-оранд, он кунам. Ту матарсу мӯҳлаташ деҳ думдароз, Гӯ, сипаҳ гирд ору сад ҳилат бисоз».
Саҳифаи 43/229 |