 |
Фиристодани Фиръавн ба Мадоин дар талаби соҳирон Чунки Мӯсо бозгашту ӯ бимонд, Аҳли рою машваратро пеш хонд. Гуфт бо ҳам: «Соҳирон дорем мо, Ҳар яке дар сеҳр фарду пешво». Ончунон диданд, к-аз атрофи Миср Ҷамъ орадшон шаҳу саррофи Миср. ӯ басе мардум фиристод он замон, Ҳар навоҳӣ баҳри ҷамъи ҷодувон. Ҳар тараф, ки соҳире буд номдор, Кард паррон сӯйи ӯ даҳ пайки кор. Ду ҷавон буданд соҳир, муштаҳир, Сеҳри эшон дар дили маҳ мустамир. Шир дӯшида зи маҳ фош, ошкор, Дар сафарҳо рафта бар хумме савор. Шакли карбосе намуда моҳтоб, Он бипаймуда, фурӯшида шитоб. Сим бурда, муштарӣ огаҳ шуда, Даст аз ҳасрат ба рухҳо барзада. Сад ҳазорон ҳам чунин дар ҷодувӣ Буда муншиву набуда чун равӣ. Чун бад-эшон омад он пайғоми шоҳ: К-аз шумо шоҳ аст акнун чорахоҳ. Аз пайи он ки ду дарвеш омаданд, Бар шаҳу бар қасри ӯ мавкаб заданд. Нест бо эшон ба ғайри як асо, Ки ҳамегардад ба амраш аждаҳо. Шоҳу лашкар ҷумла бечора шуданд, З-ин ду кас ҷумла ба афғон омаданд. Чорае мебояд андар соҳирӣ, То бувад, ки з-ин ду соҳир ҷон барӣ». Он ду соҳирро чу ин пайғом дод, Тарсу меҳре дар дили ҳар ду фитод. Ирқи ҷинсийят чу ҷунбидан гирифт, Сар ба зону барниҳоданд аз шигифт. Чун дабиристони сӯфӣ зону аст, Ҳалли мушкилро дузону ҷоду аст.
Саҳифаи 45/229 |