|
Хондани он ду соҳир падарро аз гӯр ва пурсидан аз равони падар ҳақиқати Мӯсоро алайҳиссалом Баъд аз он гуфтанд: «Эй модар биё, Гӯри бобо ку? Ту моро раҳ намо». Бурдашон бар гӯри ӯ, бинмуд роҳ, Пас се рӯза доштанд аз баҳри шоҳ. Баъд аз он гуфтанд: «Эй бобо! Ба мо Шоҳ пайғоме фиристод аз ваҷо, Ки ду мард ӯро ба танг овардаанд, Оби рӯяш пеши лашкар бурдаанд. Нест бо эшон силоҳу лашкаре, Ҷуз асову дар асо шӯру шаре. Ту ҷаҳони ростон даррафтаӣ, Гарчи дар сурат ба хоке хуфтаӣ. Он агар сеҳр аст моро деҳ хабар В-ар худое бошад, эй ҷони падар! Ҳам хабар деҳ, то ки мо саҷда кунем, Хештан бар кимиёе барзанем. Ноумедонему уммеде расид, Рондагонему карам моро кашид».
Саҳифаи 46/229 |