|
Ҷавоб гуфтани соҳири мурда бо фарзандони худ Гуфташон дар хоб, к-эй авлоди ман, Нест мумкин зоҳир инро дам задан. Фошу мутлақ гуфтанам дастур нест, Лек роз аз пеши чашмам дур нест. Лек бинмоям нишоне бо шумо, То шавад пайдо шуморо ин хафо. Нури чашмонам! Чу он ҷогаҳ равед, Аз мақоми хуфтанаш огаҳ шавед. Он замон, ки хуфта бошад он ҳаким, Он асоро қасд кун, бигзор бим. Гар бидуздиву тавонӣ, соҳир аст, Чораи соҳир бари ту ҳозир аст. В-ар натонӣ, ҳону ҳон! Он эзадист, ӯ расули зулҷалолу муҳтадист. Гар ҷаҳон Фиръавн гирад Шарқу Ғарб Сарнигун ояд Худо, он гоҳ ҳарб. Ин нишони рост додам, ҷони боб! Барнавис, «Аллоҳу аълам би-с-савоб». Ҷони бобо! Чун бихуспад соҳире, Сеҳру макрашро набошад раҳбаре. Чунки чӯпон хуфт, гург омин шавад, Чунки хуфт он, ҷаҳди ӯ сокин шавад. Лек ҳайвоне, ки чӯпонаш Худост, Гургро он ҷо умеду раҳ куҷост? Ҷодуӣ, ки Ҳақ кунад, ҳаққ асту рост, Ҷодуе хондан мар он Ҳақро хатост. Ҷони бобо! Ин нишони қотеъ аст, Гар бимирад низ, Ҳаққаш рофеъ аст».
Саҳифаи 47/229 |